language Тоҷикӣ

Чӣ тавр мо фаъолият менамоем

Операторони касбӣ

  • ба таври дақиқ интихоб гардида, аз рӯи стандартҳои беҳтарин таълим дода мешаванд,
  • мунтазам дараҷаи ихтисосашонро баланд мебардоранд,
  • таъминоти барномавии махсусгардонидашудаи «TaxSee»-ро истифода мебаранд,
  • ҳар як амали оператор ба воситаи системаи иттилоотӣ сабт карда мешавад,
  • фаъолияти ҳар як оператор доимо аз ҷониби шӯъба оиди сифат назорат карда мешавад,
  • ҳамаи зангҳо бо мақсади имконияти аз нав гӯшкунӣ сабт карда мешаванд.
Операторони касбӣ
Таъминоти барномавӣ

Таъминоти барномавӣ

Таҳияи ТБ-ро (таъминоти барномавӣ) муттахассисони худи «TaxSee» амалӣ менамоянд. Мо на танҳо фаъолияти беисти ТБ-ро пайгирӣ менамоем, балки рушди бозорро мунтазам пайгирӣ намуда, ба маҳсулоти барномавии худ тағйиротҳои лозимиро ворид менамоем. Ин ба мизоҷони мо имкон медиҳад, то онҳо ҷиҳати фаълияти худ бо ТБ-и беҳтарини соҳа боварманд бошанд.

Маҳсулотҳои барномавии мо:

  • барнома барои кори ронандагони «Taxsee Driver»,
  • барномаи худкрои ҷойи кори оператор — ҶКХ «TaxSee»,
  • модули баҳисобгирӣ ва назорат барои роҳбар,
  • веб-захираҳо барои мизоҷони такси,
  • барномаи мобилӣ барои фармоиш додани такси тавассути телефони мобилӣ,
  • ҳамгироӣ бо системаҳои пардохт,
  • системаи менюи овозии IVR-ии ҷурсозӣ шаванда.

Шумо роҳбари таксии ҷорӣ ҳастед ё танҳо акнун бизнеси худро таъсис доданӣ ҳастед?

Имкониятҳои маҷмӯи таҷҳизоти барномавии Taxsee-ро баҳодиҳӣ намоед.

  • Назорати пурра ва фаврии ҳамаи бизнес-равандҳо.
  • Ҳисоботҳои муфассали таҳлилӣ.
  • Танҳо дастрасӣ ба интернет лозим аст.

Дастрасии намоиширо ба барномаи идоракунии хадамоти такси ройгон ба даст оред.

Кор бо мизоҷон

1 Операторон дархостҳои мизоҷонро, ки бо усулҳои гуногун ворид гардидаанд, коркард менамоянд
2 Ба зангҳои мизоҷон овози форами системаи IVR ва оператори хушмуомила ҷавоб медиҳанд
3 Баъд аз таъин кардани автомошин барои дархост, ба мизоҷ SMS-огоҳнома бо нишон додани вақти расида омадани мошин, рақами давлатӣ ва тамғаи он, аз ҷумла нархи сафар фиристода мешавад
4 Ҳангоми расида омадани автомошин, аз IVR занг меояд ва дар он иттилоъ дода мешавад, ки ронанда ба макони лозимӣ омадааст, фармоиш ёдрас кардашуда, ба мизоҷ ба берун баромадан пешниҳод карда мешавад
Чӣ тавр мо фаъолият менамоем

Усулҳои фармоиш додани такси

Стандартӣ:

  • занги телефонӣ (ба рақами мустақим ё бумеранг-рақам)

Алтернтивӣ:

  • IVR (менюи овозӣ)
  • тариқи онлайн дар сомона
  • барномаи мобилӣ барои Android ва iOS
Барномаи мобилӣ барои Android ва iOS

Кор бо ронандагон

1 Ҳангоми ворид гардидани фармоиш, оператор дархостро ба расмият медарорад: ба база суроғаи пешниҳоди такси ва масири сафарро ворид менамояд
2 Система ба таври худкор автомошини дар наздикӣ бударо таъин менамояд. Агар ягон автомошин дар наздикӣ набошад, дархост ба ҳамаи ронандагон намоён мешавад ва ҳар як ронандаи автомошин метавонад барои таъинот дархост фиристонад. Худи система аз рӯи як қатор параметрҳо, яке аз ронандаҳоро интихоб намуда, вайро барои дархости мазкур таъин менамояд
3 Баъд аз таҳвили мусофир аз суратҳисоби ронанда фоизи арзиши сафар хориҷ карда мешавад. Ронанда барои иҷро кардани фармоиши навбатӣ аз нав омода аст
Барномаи мобилӣ барои ронандагони Taxsee Driver

Дар бораи фоидаҳои шумо ҷиҳати ҳамкорӣ бо мо маълумот гиред