language Тоҷикӣ

Мо ки ҳастем

Маркази тамоси «TaxSee» —

яке аз бузургтарин хадамоти махсусгардонидашуда дар Федератсияи Русия оид ба қабул ва коркарди дархостҳо барои интиқоли таксомотории мусофиркашонӣ ва боркашонӣ. Мо дар ин бозор 10 сол боз фаъолият намуда истодаем ва ба соҳибони таксопаркҳо бизнес-қарори тайёрро пешниҳод менамоем.

Контакт-центр «TaxSee»
Кто мы

Барои чӣ мо?

Маркази тамоси «TaxSee» дар пешниҳоди хизматрасонӣ ба ширкатҳои таксомоторӣ ихтисос пайдо намудааст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки диққати худро пурра ба сифати хизматрасониҳои худ равона сохта, мунтазам аз паи беҳтар намудани ин хизматрасониҳо бошем. Системаи кори мо имконоти коррупсия ва интиқоли дархостҳои "бомазза"-ро аз ҷониби диспетчер ба ронандаи шинос истисно менамояд.

Операторони мо доимо аз рӯи стандартҳои касбӣ таълим дода мешаванд. Вуҷуд доштани шӯъбаи IT-и пуриқтидор, ки аз барномасозҳо ва администраторони системавӣ иборат аст, ҳаллу фасли фаврии ҳамаи масъалаҳои марбут ба кори маркази тамосро кафолат медиҳад.

Ҳар як мизоҷ метавонад ҳамавақт ба оператори мо телефон карда, ҷавоб шунавад ва шумо ягон дархостро аз даст намедиҳед.

Кто мы

Барои чӣ ин фоидаовар аст?

Тавассути ҳамкорӣ бо мо, шумо метавонед хароҷотҳоятонро коҳиш диҳед:

  • барои пардохти музди меҳнати операторон ва администратори системавӣ,
  • барои харид ва нигоҳ доштани техникаи ройонавӣ барои қисмҳои серверӣ ва диспетчерӣ,
  • барои хариди таъминоти барномавии махсусгардонидашуда ва дастгирии техникӣ,
  • барои иҷора ва пардохтҳои коммуналӣ барои бинои диспетчерхона,
  • барои таълим ва ҳавасмандгардонии кормандон,
  • барои хизматрасонии алоқа ва ғ.

Танҳо ронандагонро ба кор қабул намоед ва пул кор кунед.

Барои чӣ ин фоидаовар аст?
Кафолатҳои мо

Кафолатҳои мо

Мо ҳифзи иттилооти махфӣ ва сифати баланди хизматрасониҳои пешниҳодшударо тибқи муқаррароти шартнома оиди ҳамкорӣ, шартнома оид ба дараҷаи хизматрасониҳо (SLA) ва паҳн накардани иттилоот (NDA) кафолат медиҳем. Мо мусофиркашон нестем ва ба ягон мизоҷамон афзалият намедиҳем.

Кафолатҳои мо

Дар бораи тарзи фаъолияти мо маълумот бигир