languageТоҷикӣ

Хизматрасониҳои иловагӣ

Гузаронидани пурсишҳои телефонии ронандагон ва мизоҷон

Маркази тамоси «TaxSee» яке аз асбобҳои самаранок барои гузаронидани таҳқиқотҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Иқтидорҳои мо имкон медиҳанд, ки пурсиши телефонии босифатро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин мувофиқи супоришҳои шумо гузаронем.

Маркази тамоси «TaxSee» дар гузаронидани пурсишҳо таҷрибаи калон дорад. Мо ҷиҳати ба даст овардани фикру мулоҳизаҳои мизоҷон ва ронандагонатон оиди масъалаҳои қобили таваҷҷӯҳи шумо кӯмак мерасонем.

Захираҳо ва имкониятҳои маркази тамоси «TaxSee»:

  • таҳия намудани иқтибос аз базаи худ аз рӯи меъёрҳои муайян,
  • кӯмак дар таҳия намудани формати пурсиш,
  • операторони касбӣ,
  • таъминоти барномавии махсусгардонидашуда, ки ба шумо барои гузаронидани пурсиши босифат ва бо суръати баланд имкон фароҳам меоварад,
  • пешниҳоди ҳисоботи муфассал аз рӯи шакли қаблан ба мувафиқа омада, аз ҷумла сабти ҳамаи сӯҳбатҳо бо посухдиҳандагон дар ҳомили рақамӣ (на цифровом носителе).

Дар натиҷаи гузаронидани пурсиш шумо метавонед то ҳадди аксар вазъияти ширкататонро ба таври дақиқ баҳогузорӣ намуда, самтҳои ояндадори рушд, роҳҳои кам кардани хатар, танзим намудани сиёсати нархгузорӣ ва аз ин бештарро муайян намоед.

Тавозуни ронандагонро дар терминалҳои пардохт ба воситаи провайдери ягонаи «TaxSee» пур кунед

Бо шумо вақтро сарфа хоҳед кард. Ба шумо бастани якчанд шартномаҳо бо операторони гуногуни терминалҳои пардохт лозим намешавад. Мо аллакай бо операторони бузург дар асоси шартҳои имтиёзнок шартномаҳо бастаем.

Пули комиссионии ҳаҷман хурд барои қабули пардохт тавассути «TaxSee» ба шумо ҷиҳати кам кардани хароҷотҳои вобаста ба гардиши пули нақд кӯмак мерасонад.

Шабакаҳои васеи терминалҳои пардохтӣ дар тамоми Русия ба ронандагони шумо имкон медиҳанд, ки тавозуни худро фавран дар ҷойҳои ба онҳо қулай пур намоянд.

Пул ба суратҳисоби ронандаи шумо ба таври худкор, бидуни ҷалб кардани кормандони шӯъбаи муҳосибӣ дароварда мешавад. Чунин тарзи кор ҳамкории устувор миёни шумо ва ронандагонатонро "аз рӯи пешпардохт" таъмин менамояд.

Мо ба шумо дастгирии фавриии техникӣ ва иттилооти мукаммалро оиди пардохтҳо тавассути «TaxSee» пешниҳод менамоем.

Бо провайдери «TaxSee» ҳамкорӣ намуда, хавотиршавӣ дар бораи пулҳои худ ба шумо лозим намешавад. Пулҳоятон дар ҳаҷми пурра ва сари вақт ба суратҳисоби ширкати шумо гузаронида хоҳанд шуд. Менеҷерони шумо бошанд, метавонанд диққати худро ба ҳаллу фасл намудани масъалаҳои ҷорие равона созанд, ки ба коркарди пули нақд марбут нестанд.