languageТоҷикӣ

Иҷораи ҷойҳои операторӣ

Иҷораи ҷойҳои кории фосилавӣ барои операторон

Ба таксопаркҳо ва хадамотҳои фармоиши такси, ки мехоҳанд коркарди дархостҳоро танҳо ба операторони воҳидии худ диҳанд, мо ба шумо иҷора гирифтани ҷойҳои кории фосилавиро пешниҳод менамоем. Ин ба шумо ҷиҳати истифода бурдани вазифаҳои маркази тамоси махсусгардонидашудаи «TaxSee» бевосита дар идораи шумо имкон фароҳам меоварад, айнан ҳамин хел дар ҳолати бо аутсорсинг, бидуни хароҷот барои ба даст овардани таҷҳизоти гароннарх ва ҷурсозии таъминоти барномавӣ. Барои ин ба шумо танҳо доштани ройонаҳои ба шабакаи Интернет пайвастшуда лозим аст.

Дар асоси технологияҳо, мо дар якҷоягӣ бо шумо қабули шабонарӯзии дархостҳоро аз мизоҷонатон на танҳо тариқи телефон, балки бо усулҳои алтернативӣ низ ба роҳ мемонем. Шумо метавонед самаранокии кори операторони худро дар дараҷаи касбӣ назорат намоед: ҳар як занги телефонӣ ва натиҷаҳои он ба қайд гирифта мешаванд, ба шумо дастрасӣ доштан ба омори тариқи онлайн пешниҳод карда мешавад, ки дар он шумо метавонед шумораи зангҳои қабулшуда, давомнокии сӯҳбати телефониро дида, ҳар як сӯҳбатро гӯш карда, хулосаҳо бароред.

Ҳамаи имкониятҳои маркази тамоси махсусгардонидашудаи «TaxSee» барои шумо кушода мегарданд:

  • қабули шабонарӯзии зангҳо;
  • фаъолият дар таъминоти барномавии махсусгардонидашуда барои хадамот оид ба фармоиш додани такси;
  • таҳти назорати пурра гирифтани кормандон;
  • зангҳои баромад аз рӯи тарофаҳои имтиёзнок;
  • SMS-ирсолкуниҳо;
  • IVR-и барномасозишудаи алоҳида;
  • қабули дархостҳо тариқи сомона ва барномаи мобилӣ барои Android, iOS, Windows Phone;
  • дастгирии техникӣ ва ташкилотии ройгон.

Дар бораи хизматрасониҳои иловагӣ маълумот гиред